Вакилон ба Конференсияи шаҳрӣ интихоб гардиданд!

.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ин навбат дар ташкилоти ибтидоии  «Вахдат» бо раиси ташкилоти ибтидоии маҳалла хониши сиёсӣ ва маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор  намуданд.

 Баромадкунандагон нахуст оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ба Конференсияҳои ҳисоботиву интихоботӣ пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда ба иштирокдорон фаҳмониданд.

Баромади  раиси  ташкилоти ибтидоӣ  Одинаев Сайдалӣ дар  давраи  ҳисоботӣ  шунида  шуда,  вакилон  ба  Конференсияи  шаҳрии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант  интихоб  ва  пешниҳод  гардиданд.

Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба корҳои тозаву озода намудани гирду атрофии бино машғул гардиданд.