Семинар машварати - ҳизбӣ роҳнамои ҳизбиён!

.

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 29.10.2019 дар шаҳри Левакант бо мақсдаи баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсии ҳизбиён бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Левакант ва Шӯрои собиқадорони ҳизб ба маъракаҳои муҳми сиёсии дар пешистода семинар- машварати ҳизбӣ доир гардид.

 Дар семинар Наимов Маҳмадулло – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раиси шаҳр Давлатзода Зарина, Ватанзода Сайҷафар- раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва собиқадори ҳизб Исмоил Шафиев, узви Кумитаи иҷроияи шахрии ҳизб иштирок карда, дар робита бо ин мавзуъ суханронӣ карданд. Ҷамъомадагонро барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу демократӣ гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, иштирок дар чорабиниҳои ҳизбӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.