Машварати навбатии китобдорон

.

Бино ба иттлои китобдори бахши маориф Қурбонов Сафар рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 - и шаҳр семинар -  машварати навбатии китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳо оид ба:

 -омода намудани дархости эҳтиёҷоти китобҳои дарсӣ барои соли таҳсили 2020 – 2021;

-омода намудани ҳисоботи китобҳои дарсии иҷоравӣ дар соли таҳсили 2019 – 2020 тақсимшуда ва пардохти маблағҳои онҳо;

-ҳалли мушкилии пардохти рӯзномаи хонандагӣ ва маводҳои таълимӣ;

-ба низом овардани сабти китобҳои инвентарӣ ва «Дафтари ба иҷора додани китобҳои дарсӣ»;

-дарёфти маблағҳо барои пардохти маблағи қарзии китобҳои иҷора аз солҳои пешин;

-ташкили рӯзҳои хониши бадеӣ дар давраи таътили тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо марбут ба соҳаи маориф ва таълиму тарбия баррасӣ гардид.