Пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуб

.

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толорҳои МТМУ №10, МТМУ №1 ва №2 бо иштироки намояндаи ШВКД дар шаҳр майёри милитсия Ҷурабеков Қ ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» - Ашуров Орзу оид ба пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ ва омилҳои номатлуби ҷомеа бо наврасону ҷавонон вохӯрӣ доир карда шуд.

 Инчунин байни ҷавонону наврасон зиёда аз 500 адад маводҳои иттилоотӣ дар мавзуъҳои «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат», «Мо зидди савдои инсонем», «Танзим баракати зиндагӣ», «Пешгирии ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон», «Аз оворагардӣ донишомӯзи беҳтар аст» дастрас карда шуд.

 Мақсад аз баргузор намудани чорабиниҳои мазкур ин пешгирии ҷавонону наврасон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, шомилшавӣ ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва пайравии ҷавонон аз сиёсати  хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.