Дар муқовимат бо терроризм муттаҳид бояд буд

.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр,  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.....

 

Роҳбари давлат дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ва рӯҳониёни кишвар ҳангоми суханронии хеш гуфта буданд;

“Ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем.”

Замоне, ки дар Тоҷикистон ягон маркази таълими динӣ вуҷуд надошт, теъдоди ҳоҷиён ва масҷидҳо ангуштшумор буд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми волидайн ва калонсолон, таҳаммулгароӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи илмомӯзӣ ва дигар амалҳои нек хеле баланд буд.

Вале имрӯз бо 4 ҳазор масҷиду 6 мадраса, як гимназияву як Донишкадаи исломӣ, беш аз 7 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти динии дохиливу хориҷӣ ва теъдоди зиёди ҳоҷиён дар ҷомеа хурофотпарастӣ ва ифротгароиву таассуб афзуда истодааст ва ҳатто зуҳуроти бисёр хатарноки терроризм рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст.

Имрӯзҳо  гаштаву баргашта зикр мешавд, ки густариши зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, аз он ҷумла терроризми  байналмиллалӣ, барои инсоният хатари бузург эҷод намудааст.

Гурӯҳҳои  алоҳидаи ифротӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  барои амалӣ сохтани  ҳадафҳои  нопоки худ  аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мебаранд. Ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонони мо сабабҳои обективӣ ва субективӣ доранд: муҳоҷирати меҳнатӣ, надоштани маърифати динӣ ва сиёсӣ, ҷудошавии оилаҳо, пулу молпарастӣ, тақлидкорӣ ба рафтори ифротгарони хориҷӣ, филмҳои фисқу фуҷур, сайтҳои интернетӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ғайраҳо.

Терроризм ба миллати тоҷик хос нест. Шахсоне, ки ба ин гуна гурӯҳҳо шомил шудаанд, шаъну шарафи  ҷавонони шарафманди тоҷикро  коста мегардонанд.

Ғояҳои асосии ҳизб, ҳаракату ташкилотҳои тундравро гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ амалӣ сохтанӣ мешаванд. Оиди амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ин гуна гурӯҳҳоро бо яроқу лавозимоти ҷангӣ таъмин намуда, ба онҳо ваъдаҳои молию пулӣ дода,  такя ба онҳо менамоянд. Аъзоёни гурӯҳҳои ифротгаро дини исломро шиор намуда, ба қатлу ғорат даст мезананд.

Дини мубини исломро  нодуруст шарҳ дода мардуро ба гумроҳӣ мебаранд, тафриқа меандозанд, хусумату бадбинӣ пайдо менамоянд, низоҳои динию мазҳабӣ ҷорӣ менамоянд.

Терроризм рӯз ба рӯз дар мамлакатҳои ҷаҳон реша давонда истодааст. Масалан:

-суқути  тайёраи мусофирбари  русии А321 дар Миср, ки  боиси ҳалокати 224 нафар гашт, амали террористон аст;

-дар шимоли Ҳалаб ҷангҷӯёни гурӯҳи “Аҳрор аш-Шам” мусофирони ду автобусро рабуданд:

-қиркунандаҳои туркӣ ба мавқеи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Сурия, панҷ киллометр дур аз сарҳад,  зарба зада,  50 ҷангиро маҳв карданд;

-тибқи гуфтаи канслери Олмон  Ангела Меркел чашмдошти гурезаҳое, ки  соли равон  ба мамлакат меоянд  як миллион нафарро ташкил медиҳад;

-куштори мактаббачагони Покистон;

-созмонҳои ифротгарои зиёде пайи ба доми фиреб кашонидани насли наврас мебошанд, аз ҷумла-«Ҳаракати Исломии Туркистон», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия» ва ғайраҳо. Аксарияти ин ҳаракатҳо ба дини ислом такя намуда, бо истифода аз нофаҳмиҳои ҷавонон ва заифии зеҳнии онҳо, сафи ҷавонони гумроҳшударо меафзоянд.

Барои ҳар яки мову шумо зарур аст, ки рӯҳи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии уммати исломӣ, бартараф намудани ҳар гуна ифрот дар масъалаҳои марбут ба ақида, фиқҳи исломӣ ва ғайра тамоми нерӯи ахлоқӣ ва ақлонии худро равона созем. Нагузорем, ки нохалафе бо фикру ақидаи носолими худ вазъияти орому осоиштаи Ватани маҳбубамонро халалдор созад.

Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро  ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем.

Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем.

Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу  буми он аст.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони имрӯзаи моро лозим аст, ки  бо истифода аз тамоми имконият ва шароите, ки  давлату Ҳукумат  барои таҳсилу кор, фароғату истироҳат ва беҳдошти зиндагӣ пешниҳод намудааст, самаранок истифода намуда, ташаббускорӣ ва созандагию бунёдкориро аз даст надиҳанд. 

Бигузор чавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва такдирсози роҳи имрӯзу фардои Точикистон бошанд.

                                                              

                                                                                                                                         Бердӣ Валиев, собиқадори меҳнат