Муассиса бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин гардид

.

Дар доираи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии «Литсейи касбии саноати кимиёи»-и шаҳр маҷлиси ҳисоботи интихоботӣ доир гардид, ки ҳисоботи 2,5 солаи раиси ташкилоти мазкур шунида шуда, вакилон ба Конференсияи шаҳрӣ пешбарӣ гардиданд.

 Дар анҷом кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар самти таълиму тарбия ва касбомӯзии шогирдон сухан гуфтанд.

Қайд гардид, ки имсол бо ташаббуси директори муассиса Мусаннам Шарбатов барои беҳтар гардидани сатҳи касбомӯзии шогирдон як миқдор таҷҳизоти муосири таълимӣ оварда шудааст, ки албатта дар ин самт такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.