ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ФАННИ МАКТАББАЧАГОН МУАЙЯН ГАРДИД.

.

Бино ба иттилои директори маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди  бахши маорифи шаҳр Нозимов Иброҳим даври дуюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар байни хонандагони     синфҳои 11- и  муассисаҳои таълимӣ  ҷамъбаст гардид.

 Дар олимпиада аз 740   нафар  толибилмони   муассисаҳои таълимӣ  526 нафар толибилмон дар  даври аввали олимпиада, ки дар муассисаҳои таълимӣ  баргузор гардид,   иштирок  намуданд. 

Тибқи  дархости  пешниҳоднамудаи  роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ дар даври дуюм  (шаҳрӣ)  324 нафар ширкат варзиданд.

Олимпиада тибқи талаботи  Низомономаи олимпиадаи  фаннии хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 24 августи    соли   2018, №17/2  тасдиқ   шудааст, гузаронида   шуд.

Мақсад аз баргузор намудани  олимпиада дарёфт ва рушди хонандагоне  мебошад, ки инкишофи  зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти  илмӣ – таҳкиқотӣ  нигаронида  шудааст.

Инчунин бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳкиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ,  рушди қобилияти истифодаи донишҳои назариявӣ ва татбиқи он дар амалия, ташаккули донишҳои илмии хонандагон, шиносоии бештари хонандагон ба дастовардҳои нави илмҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ, тарғиби донишҳои илмӣ дар байни хонандагон, мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, ҷалби хонандагон ба ҳаракати олимпӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ    мебошад.

Дар ҷамъбасти олимпиада 93 нафар толибилмони  муассисаҳои таълимӣ  сазовори ҷойҳои  ифтихорӣ  гардидаанд, аз он ҷуила:

Ҷойи якум –   25 нафар,  аз онҳо 11  нафар аз литсейҳо

Ҷойи дуюм -  26 нафар,  аз онҳо  11  нафар аз литсйҳо

Ҷойи сеюм -  42 нафар,  аз онҳо  16 нафар аз литсейҳо

Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо ифтихорномаи  бахши маориф сарфароз гардонида шуданд.