Терроризм ва экстремизм ин таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

.

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад.

 

Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ  барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан, терроризм ва экстримизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли саёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангин эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегардад ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин, надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд. Агарчи бештарин ҷавонони даврони имрӯз, аз шароите, ки истиқлолият барояшон муҳайё кардааст, шукргузор буда, дар азхудкунии илму дониш ва касбият қуллаҳои баландро фатҳ кардаанд, ҳанӯз ҷавонони гумроҳ ҳам ҳастанд, ки бо андак фиреб ба доми ифротгароён афтода, мубталои асорати онҳо мегарданд.

Шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро, ки оқибатҳои хуношомро дар пай дорад, боиси нигаронии аҳли ҷомеаг аштааст.Танҳо эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, номуси баланди ватандорӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд, ки садди роҳи ин вабо гирифта шавад. Дар асри гузашта мардуми тоҷик дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёр ва ҷомеаи мутамаддин рӯзҳои вазнинро пушти сар кард. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлати кишвар мо бо падидаи  густурдаи зуровариву мудохила аз хориҷ ва таҳлили андешаву равияхои бегона ба сари мардум, ки аз ғояҳои ифротгароиву терроистӣ манба мегирифт, рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи ҷанги хунин садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонаву дар ва гуреза шуданд.
         Ваҳдати миллӣ ва сулҳи Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки ҳама гуна неруҳое, ки барои расидан ба чунин мақсадҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом сӯиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор намегиранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуда буданд, таъкид намуданд, ки аз устодону омӯзгорон  ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати наврасон ва донишҷӯёнро  барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд, чун ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии зиндаи он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ва тарбияи падару модар монда ташкил медиҳад. 

Мавриди тазаккур аст, бори дигар сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун «Дар бораи авф» - ро ба муносибати 25 - солагии Конститутсияи мамлакат пешниҳод намуд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид. Тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳбусон озод мегардад.

Мавриди қайд аст, ки аз соли 1992 то қабули Қонуни авф зиёда аз  120 ҳазор нафар авф татбиқ шудааст. Бояд тазаккур дод, ки рисолати Президенти маҳбуби кишвар ба нафъи мардум ва  рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар мегардад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони таҳаммулпазир, Сарвари  шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор бо заковати худододии хеш ва амалҳои инсонпарваронааш дар миёни мардуми сулҳпарвари тоҷик маҳбубияти беандоза касб карда, ба эҳтироми ҷомеаи башарӣ сазовор гардидаанд.   

Аммо гуруҳои хиёнаткор, ки чашми некбин надоранд аз хориҷи кишвар ин амалро низ  ғайри шафоф ъэлон карданд. Онҳо бо ин амали худ бори дигар исбот карданд, ки на барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ё беҳбудии зиндагии як тоҷикистонӣ, балки боз ҳам ҷалб сохтани таваҷҷуҳи ба сиёсати дохилии Тоҷикистон талош доранд.

Аз ин ҷо, моро зарур аст, ки дастаҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб  муборизаи беамон барем. Нагузорем, ки ҳеҷ як нафар ҷавони кишвар ба доми ин бадхоҳон афтода, ба ҷони ҷавонаш ҷабру ба Ватан хиёнат намояд.

 

Ватанзода Сайҷафар - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант