БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

.

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 -  и шаҳр Сайдалиева Шаҳодат иттилоъ дод, дар  толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №1, бо мақсади баланд бардоштани  савияи дониши ҳуқуқии хонандагон  ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 то 31. 10. 2019 ҳафтаи ҳуқуқ дар муассиса эълон гардид.

 Рӯзи 29 октябр дар муассиса бахшида ба ин санаи таърихӣ миёни хонандагони синфҳои 8 то 11  бо роҳбарии омӯзгори фанни ҳуқуқ Бедилова Фирӯза викторина гузаронида шуд, ки он ба хонандагон барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии онҳо таъсири хуб расонид. Дар чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълим Ҳусейнов А., Ҷойлобова Б., омӯзгорони ҷавон ва омӯзгорони фанни таърих иштирок доштанд. Хонандагоне, ки 10 боб ва 100 моддаи Конститутсияро хело хуб медонистанд, ғолиб дониста шуда, бо ифтихорномаи муассисаи таълимӣ  сарфароз гардонида шуданд.