Барои боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҳизб бештар аз пештар талош дошта бошем!

.

Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисхои ҳисоботи-интихоботи рӯзи 31 октябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии Силсила Неругоҳи Обии Барқии шаҳри Левакант бо иштироки масъулони КИ ХХДТ дар шаҳр маҷлиси ҳисоботи-интихоботи баргузор гардид. Дар кори мачлис аъзоён ва фаъолони ташкилоти ибтидои СНОБ иштирок намуда ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидои ду соли охир шунида шуд. Инчунин бо овоздихии иштирокдоштагон  раиси ташкилоти ибтидои аз нав интихоб шуда вакил ба Конференсияи ХХI уми ҲХДТ дар шаҳр интихоб гардид.

Сипас масъулини кумитаи иҷроия оид ба фаъолияти 25-солаи ҲХДТ дар сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ҳизб дар пешрафту тараққиёти мамлакат ва ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор эътироф шудани он дар байни мардум сухан гуфтанд.

Қайд гардид, ки то интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзҳои башумор мондааст. Аз ин рӯ тамоми аъзоёну фаъолони ҳизбро зарур аст, ки бо пешбарии вакилони арзанда ва дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои ба даст овардани овозҳо ва боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҳизб бештар аз пештар талош дошта бошанд.