ИҒВОГАРӢ ДАР ҚОЛАБИ ГУЗОРИШИ ХАБАРӢ. Изҳороти Кумитаи тадорукоти Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»
ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ,
фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ (идеологӣ) хидмат карда, на танҳо афкори умум месозад, балки рисолати фарҳанггустарӣ ва ҳувиятсозӣ низ дорад. Аммо, чуноне ки мушоҳида мешавад, гурӯҳе аз расонаҳо (махсусан, расонаҳои хориҷӣ ё хабаргузориҳое, ки тавассути сармоягузории беруна таъсис ёфтаанд), рисолати фазосозии эътидолӣ ва ҳувиятсозиро сарфи назар намуда, ба хотири бароварда сохтани ниёзу манофеъ ва хостаҳои сиёсию геополитикӣ иттилооти ғараздор ва иғвогароёнаро пахш мекунанд, то вазъи минтақаро ошуфта сохта, дар байни табақаҳои иҷтимоӣ нофаҳмиҳоро ба вуҷуд биёранд ва аз тариқи расона афкори ҷамъиро ҳамеша таҳти таъсир қарор бидиҳанд. Дар феҳрасти чунин навъи расонаҳо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қарор дорад, ки бо имконоти бартари васоити фаннию техникӣ ва иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда, тавассути матолиби мултимедӣ муҳит ва ҷуғрофиёи расонавии ватанӣ ва минтақавиро тасхир намудааст.
Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тӯлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти таъсир қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда, бунёд, ҳадаф ва мароми махсуси ниҳодҳои манфиатдори бурунмарзӣ дар минтақаро ифода менамояд. Бар ин асос, сабки кор, тарзи ҷамъоварӣ ва таҳияи матолиб, таъйину табодули маълумот, баҳисобгирии дақиқи мавзӯот, муҳтавиёти таваҷҷуҳбарангези мавод, фаврияти хабар ва билохира равиши пахши ахбору иттилооти расонаи «Озодӣ» тибқи реҷаи махсуси корфармоёни хабаргузорӣ роҳандозӣ шуда, мувофиқи тақозои замонию маконӣ матолиби хусусияти гуногундошта паҳн карда мешавад. Ин сабки фаъолият, ки одатан дар дигар расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ (хусусӣ ва мустақил) ҳам ба назар мерасад, аз дигар расонаҳо бо ба вуҷуд овардани авзои номусоид, бесуботӣ, ҳангомасозӣ, шӯрандозӣ, нифоқпароканӣ ва дар маҷмӯъ, иғвоангезӣ дар минтақа тафовут дорад. Гап сари ин аст, ки Радиои Озодӣ аз оғози фаъолият ҳадафҳои вежаро дар мамолики гуногуни фақрзада, ақибмонда, вопасгаро ва суннатӣ дунбол мекунад ва тибқи нишондоди сиёсии сарпарастони беруна матолиби мавриди писанди корфармоён ва дар бисёр маврид иттилооти махсус пешбинишударо интишор медиҳад ва бо суръати кайҳонӣ паҳн мекунад. Гузашта аз ин, матолиби интишорёфта, асосан бо такя ба «вазиши боди сиёсӣ ва геостратегӣ»-и сарпарастони расона ва «муштариён»-и он интихоб, таҳия ва пахш мегарданд. Ба таъбири дигар, иттилоот ва ахборе, ки ба ҳадаф ва стратегияи сармоягузорони расона мувофиқ аст ва дар фазои муайяну мушаххас мушкил андар мушкил эҷод карда метавонад, доиман пахш мешавад ва аз ин тариқ фазо ва муҳити мавриди назар таҳти назорати расонаӣ қарор мегирад. Ин шеваи маъмули кор бозгӯкунандаи он аст, ки расонаи «Озодӣ», бо он ки иттилооту ахбори гуногунмавзӯъ ва мухталифмуҳтаворо ба маърази нигариш ва масири шунид мегузорад, бо иғво ва матолиби иғвоангезу «таваҷҷуҳбарангез» сари кор мегирад.
Ҳамин тариқ, Радои Озодӣ ба ҷойи фароҳам овардани шароити ҳамзистӣ ва рушду тавсеа додани фазои бози фикрию иттилоотӣ, ба парокандани иғвою дасисаҳои нав ба нав машғул мешавад. Тааҷубовар ин аст, ки тайи як-ду соли ахир Радои Озодӣ ба парокандани маводи иғвобарангез машғул набуд ва ин вазъ моро то андозае мутмаин сохта буд, ки ин расонаи дар фазои дохилу хориҷ паҳншаванда дунболи паҳн кардани иғво нагашта, тадриҷан дар миёни расонаҳои дохилию хориҷӣ ҷойгоҳ пайдо мекунад. Аммо хушбоварии мо дер давом накард ва «Озодӣ» ба хотири ба даст овардани дили иддае аз хонандагони ғараздор боз роҳи иғвогарию таҳрифгариро пеш гирифт. Далели ин иддао матлаби ахиран чопкардаи «Озодӣ» аст, ки таҳти унвони «Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе», мебошад.
Муаллифи матлаби «Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе» бо такя ба ахборе, ки аз ҷараёни баргузории Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» рӯйи даст гирифтааст, ба ин натиҷа расидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол намудааст. Дурӯғбофӣ ва ҳангомасозӣ дигар ба кори рӯзмарраи як зумра хабарнигорони мустақил табдил ёфтааст, ки ҳатто ҳар ҳодиса ва воқеаи илмӣ ва фарҳангиро низ либоси сиёсӣ пӯшонда, ҷиҳати ҷалби муштарии бештар ва барангехтани таваҷҷуҳ аз ин навъ ахбор PR-пиар месозанд. Барои дақиқ ва мушаххас кардани мавзӯъ ва дар айни замон бартараф кардани таҳрифкорию каҷфаҳмиҳо ба иттилои хабарнигорон ва хонандагони расонаи «Озодӣ» чанд нуктаро ба таври фишурда ироа медорем:
Якум. Воқеан, дар шаҳри Душанбе тайи се рӯз (21-23 октябри соли 2019) бо ибтикор ва ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» ба ифтихори 1120-солагии бунёди давлатдории Сомониён, бузургдошти Куруши Кабир, 1430-солагии Борбад доир гардид. Дар доираи Симпозиум муҳаққикону донишмандон, шоирону адибон ва фарҳангиёни саршиноси кишварҳои дуру наздик иштирок карданд. Мутасаддӣ ва масъули баргузории Ҳамоиши мазкур Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоқикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» (Париж) ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардидани Ҳамоиш саъю талоши фаровон варзиданд. Дар кори Ҳамоиши байналмилалии илмӣ зиёда аз 120 паҳӯҳишгар аз кишварҳои Фаронса, Австрия, Олмон, Ӯзбекистон, Амрико, Канада, Шветсия, Голландия, Эрон, Дания, Испания, Англия, Россия, Ҳиндустон, Қирғизистон, Австралия, Ироқ ва амсоли инҳо иштирок кард. Мақолоти илмии донишмандону паҳӯҳишгарони ватанию хориҷӣ дар се китоб ба табъ расид.
Меҳмонон бо шумули донишмандону паҳӯҳишгарони фарҳанги бостон аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёву Аврупо, Канадаву Амрико дар ҷаласаи ифтитоҳӣ бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, баъдан ба маҳофили бахшҳо (Симпозиуми байналмилалӣ дар чаҳор бахш идома ёфта, ҳозирин вобаста ба хоҳишу завқ ва дидгоҳу таҳқиқ дар кори бахшҳои мавриди назар ширкати фаъол доштанд) ҷалб шуданд. Бад-ин тартиб, Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар сатҳи баланди ташкилӣ, илмӣ ва фарҳангӣ доир гардида, бисёр аз мушкилот ва муаммоҳои таърихию фарҳангии аҳди бостон, асри миёна ва замони муосирро мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор дода, роҷеъ ба як силсила масоили таърихию фарҳангӣ дидгоҳи наву тозаи илмӣ ироа шуд.
Дувум. Ба иттилои муаллифи матлаби «Озодӣ» мерасонем, ки ҷиҳати иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 57 нафар донишманду пажӯҳишгар ва аҳли шеъру адаб даъват шуда буд, ки дар феҳрасти даъватшудагон донишмандони саршиносу муҳтарами эронӣ доктор Шафии Кадканӣ ва доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ қарор доштанд. Дар зимн, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, ки дар ҳавзаҳои илмӣ ва ихтисосии эронӣ маҳбубияти вежа дорад, аз гардонандагон-модераторони бахши аввали Ҳамоиш маҳсуб меёфт. Албатта, дар баробари эрониёни муқими Эрон, ба Симпозиум ҳамзабонони бурунмарзӣ ҳам даъват шуда буданд. Ин ҳам маълум аст, ки ҳамоишу конфронсҳои илмӣ дӯсту душман надоранд ва дар кори онҳо донишмандону паҳӯҳишгарон бо гузоришоти илмӣ ҳузур пайдо мекунанд. Дигар ин ки Эрон (манзур Ҷумҳурии Исломии Эрон аст) барои мо ба унвони душман муаррифӣ нашудааст. Фаразан, агар Душанбе Эронро ба ҳайси кишвари душман мешинохт, дар рӯйхати даъватӣ исмҳои зиёди донишмандону фарҳангиёни эрониро намедидем. Муҳимтар аз ҳама, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба умури дохилии ҳеҷ кишваре дахолат намекунад ва он чи ки журналисти «Озодӣ» дар матлаб тазаккур додааст, ҷуз хаёл ва мавҳумот чизи дигаре нест.
Сеюм. Аҳли илму маърифат ва адабу фарҳанги ватанию хориҷӣ, ки ба Ҳамоиши байналмилалӣ даъват шуда буданд, дар атрофи масоили илмӣ ва пажӯҳишӣ баҳсу мунозира карданд ва радду бадалҳои ҷолиби илмӣ ва фарҳангии мизбонону меҳмонон перомуни ҷуғрофиёи ориёӣ, фарҳангу тамаддуни бостонӣ, ҷойгоҳи Куруши Кабир дар таърихи сиёсию мадании минтақа ва ҷаҳон то дер гоҳ дар лавҳи хотири ҳозирин боқӣ хоҳад монд. Мусалламан, дар ҳеҷ як аз бахшҳои Ҳамоиши байналмилалии илмӣ мавзӯоти сиёсӣ ва идеологӣ матраҳ нагардид, ки боиси нофаҳмиҳои ширкаткунандагон шуда бошад. Баръакс, ширкаткунандагон ва бахусус, меҳмонон таассуроти хубе аз кори барномаҳои баҳсӣ, илмию фарҳангӣ, ҳунарӣ ва диду боздидҳо бардоштанд. Дар маҷмӯъ, Ҳамоишро метавон ба унвони ҳалқаи васли ҳамзабонону муҳаққиқон ва ихлосмандони фарҳанги бостонӣ ва тамаддуни ориёӣ муаррифӣ кард.
Чаҳорум. Дар Эъломияи Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки аз ҷониби ширкаткунандагон ба тасвиб расид, пешниҳодоти мушаххас дар заминаи: таъсиси «Маркази байналмилалии Сомониёншиносӣ»; таъсиси «Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Куруши Кабир» (дар шаҳри Душанбе), ҳамзамон бо мақсади арҷгузорӣ ба таърих, мероси фарҳанги бостон ва ҷойгоҳи Куруши Кабир дар таърихи миллӣ ва фаромиллӣ эълом доштани 29 октябр ба унвони Рӯзи Куруши Кабир ироа гардид.
Панҷум. Муаллифи матлаби «Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе» аз рӯйи як байти шоири эронии муқими Амрико Масъуди Сипанд («Безорам аз аммомаи чун мори мулло, Ҳам тахт ва ҳам тоҷу кулоҳро дӯст дорам!») ва изҳори назари донишманди эронии Австралия ҷаноби Ҳумер Абрамиён, ки ҳар ду зиёд ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, хулоса баровардааст, ки Тоҷикистон мунтақидони режими Ҷумҳурии Исломии Эронро даъват кардааст ва ба ин васила ба парокандани иғво пардохтааст. Тавре ки болотар ироа доштем, даъвати меҳмонон ба кори Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ба ҳеҷ ваҷҳ, ангезаи сиёсӣ надошту надорад ва ширкаткунандагон, на шахсиятҳои сиёсӣ, балки шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ буданд. Муқарраран, таъкид месозем, ки онҳо ба масоили сиёсӣ ва мафкуравӣ, аслан таваҷҷуҳ накарданд ва он чи ки матраҳ гардид, масъалаҳои марбут ба фарҳангу тамаддуни бостон буд. Баргардем ба байти Масъуди Сипанд. Байти мазкур, ки муаллифи матлаби «Озодӣ» онро ба ҳайси ангезаи нифоқафканӣ ва ихтилофафканӣ истифода бурдааст, бевосита ба муллоёни риёкору фазлфурӯш ва найрангбозу фитнагар иртибот дорад. Чун офтоб маълум аст, ки қишри рӯҳониёни мутаассиб ва ҷаҳолатписанд, чи дар гузашта ва чи дар ҳоли ҳозир мавриди накӯҳиш ва мазаммати аҳли илму хирад ва адабу ҳунар қарор гирифтаанд ва мутаассифона, имрӯз ҳам дар ҳар гӯшаву канор аз риёкорию фазлфурӯшии онҳо сухан дар миён аст. Бар ин маъно Масъуди Сипанд дар робита бо муллои зоҳид ва фазлфурӯшиҳои ӯ анъанаи адабию иҷтимоии Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Соиб, Аҳмади Дониш ва дигар шоирону адибони гузаштаро идома додаасту халос. Магар байти машҳури Соиби Табрезӣ: «Махӯр Соиб фиреби фазл аз аммомаи зоҳид, Ки дар гунбад зи бемағзӣ садо бисёр мепечад»-ро фаромӯш кардаем.
Ва аз рӯйи сидқ, магар дар ин матлаб иғвогарӣ нест? Оё тавассути ин навъ хабарсозию иттилоърасонӣ дар муносиботи дуҷонибаи сиёсӣ халал ворид намегардад? Дар ҳоле ки доманаи муносиботи мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар марҳилаи нави ҳамкориҳо густариш меёбад ва марҳилаи нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ ва амниятӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор, дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг боиси рушду тараққии ҳар ду давлат мегардад, парокандани иғвою дасисаҳои иттилоотӣ ба манфиати кист? Ба назар мерасад, ҳадафи ин навъи иттилоот ва мавқеъгирӣ ҳатман ихтилофангезист. Масъулини муҳтарам ва хабарнигорони гиромии расонаҳои мустақил, набояд андеша ва гуфтори дигаронро таҳриф ва ба манфиати ин ва ё он гурӯҳ суистифода кард. Зеро ин навъ «хидмати хирсона» ба манфиати мардуми тоҷику форс набуду нест.
Кумитаи тадорукоти Ҳамоиши
байналмилалии илмии «Пажӯҳиш
дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»