КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

.

Ҳаёти ҷамъиятиро бидуни қонунҳои муайяне, ки аз тарафи Ҳукумат ва бо раъйи мардум қабул гардидаанд, тасаввур кардан номумкин аст.  Дилхоҳ давлати мутамаддин дорои Конститутсияи худ мебошад, ки тамоми фаъолияти шаҳрвандон дар асоси он амалӣ мегардад. Конститутсия ҳаёти мардумро ба танзим медарорад, вазифа ва масъулияти ҳар як шахсро  муайян мекунад ва ҳуқуқу озодиҳои онҳоро кафолат медиҳад. Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ буда, дар низоми ҳуқуқии дилхоҳ давлат мақоми баландтаринро ишғол мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дорои Конститутсияи хосаи худ аст. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Он аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми Тоҷикистонро дар бар мегирад. Мувофиқи Конститутсия замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Конститутсия муқаррар кард, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳоро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.