Бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтномаи миллат
Озодии инсон, ки ба сад мазмун аст,
Озод касе, ки бандаи қонун аст.
6-уми ноябри соли равон ба фаъолияти волотарин ва муҳимтарин санади ҳуқуқии кишвар-Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-соли расо пур мешавад. Ҳанӯз 25 сол муқаддам 20-уми июли соли 1994 Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯза дар Иҷлосияи Х1Х Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти Конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал барқарор доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту тақдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеъӣ дорад. Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, Конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият бояд дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст». Баъди чор соли Конститутсия - марҳилаи душвортарини таҳкими давлатдории нав мухолифати шаддиди неруҳои сиёсӣ ва буҳрони вазнини иқтисодӣ ва ниҳоят- дарёфти сулҳи сар то сарӣ, 5-ноябри соли 1998 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон он нуқтаро таъкид намудааст, ки «Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи ҷомеаи дар ҳақиқат демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, байналмилалӣ пурра ҷавобгӯй аст».
Сарфи назар аз он, ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуввумин шуда баъди Русия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия бинобар таҳлили коршиносони САҲА ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5-Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки қабули Конститутсия барои райъпурсии умумихалқӣ (на бо усули дигар, масалан тавассути муассисаҳои намояндагӣ – маҷлиси муассисон, парламент ва ғайра) сурат гирифтааст, гуфтаи Сардори давлатро оид ба ҷавобгуи арзишҳои демократӣ будани Конститутсия дуруст мебарорад.
Конститутсия санади бунёдию созандае мебошад, ки дар асоси он ҳар як шаҳрванд ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад. Омӯзиш ва эҳтироми Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд аз он ҷиҳат зарур аст, ки ин санад танзимгари ҳаёти ҷомеаи имрӯзу фардои давлату миллати мо ҳаст ва мемонад.
Албатта бо пешрафту тараққиёт ва дигаргуниҳои дар ҳама гуна давлатҳои мутараққӣ заруриятҳои дохил кардани тағйироту иловаҳо ва Конститутсия пеш меояд ва мо низ бояд мувофиқи талабот ва набзи зиндагӣ пеш равем.
Баъди қабули Конститутсия ва баъдан ворид намудани тағйироту иловаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва умри давлатдории мо дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омаданд ва ҷумла дар асоси меъёрҳои демократӣ ва принсипҳои бисёрҳизбӣ баргузории интихоботи Президенти мамлакат, Маҷлиси Олӣ-ташкил намудани ду маҷлис: Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамқадам будани Тоҷикистони азизи моро нишон медиҳад. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президентӣ мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтааст. «Конститутсия бояд воқеан раҳнамои зиндагиву фаъолияти ҳар як шаҳрванд, инчунин ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бошад».
Хушбахтона, имрӯз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурии моро дар баробари кули мардуми Тоҷикистон, аксарияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд.
Фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда дар дохили мамлакатамон нишонаи имкониятҳои додаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар асоси Конститутсия ба ҳамаи шаҳрвандон кафолати ҳуқуқу озодиҳо дода шудаанд. Боби дуюми Конститутсия пурра «Ҳуқуқ, озодӣ, вазафаҳои асосии инсон ва шаҳрванд»-ро инъикос менамояд. «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд…», аз ҷумла омадааст дар Конститутсия. Ва ин нуқта бисёр муҳим ва ҷиддӣ мебошад, ки мақоми инсонро дар давлати мо хеле баланд мегардонад.
Аз ин рӯ омӯхтан, аз худ кардан ва дарк намудани моҳияти Конститутсия ва қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарт ва зарур аст.
Донистани Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ дар назди давлат ва ҷомеа тасаввуроти пурра дошта бошад ва дар зиндагӣ аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда тавонад.
Масалан дар моддаи 17 аз ҷумла омадааст «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин баробарҳуқуқӣ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеаамон таъмин намояд.
Моддаи 16. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хоричӣ супоридан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.
Моддаи 18. Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад.
Моддаи 19. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳеҷ касро беасоси қонунӣ дасгир, ҳабс кардан мумкин нест.
Моддаи 20. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад.
Моддаи 21. Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад.
Моддаи 22. Манзили шахс дахлнопазир аст.
Моддаи 23. Маҳрамияти мукотиба , суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва муҳобироти шахс таъмин карда мешавад.
Моддаи 24. Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳали зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.
Моддаи 27. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Моддаи 28. Шаҳрвандон ҳуқукӣ муттаҳид шудан доранд.
Моддаи 29. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.
Моддаи 30. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Моддаи 31. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Моддаи 32. Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Моддаи 33. Давлат оиларо ҳамчун асосӣ ҷамият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Моддаи 34 Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.
Моддаи 35. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад.
Моддаи 41. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист.Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Моддаи 42. Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисо намекунад.
Моддаи 43. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Моддаи 44: Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Моддаи45.Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандон ба дин ва эътиқод ба таври зайл муайян гардидааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Ин озодӣ ба души мардуми Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ аз ифодаи диёнати худ маҳрум гашта буданд, неъмати бебаҳо гардид.
Имрӯз боиси хурсандист, ки шаҳрвандони мо метавонанд озодона тоату ибодат намуда, суннату маросимҳои динии худро бидуни кадом монеа ба ҷо оранд. Ҳар сол тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» идҳои моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Қурбон рӯзҳои истироҳат эълон карда шуда, бо як шукӯҳу шаҳомати хос дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.
Айни замон 58 масҷидҳои ҷомеъ 2 мадрасаи мутавасситаи исломӣ, 12 ибодатхонаи дини масеҳӣ тибқи оинноиа ва низомномаҳои ба қайд гирифташудаашон фаъолият намуда, талаботи динии шаҳрвандонро қонеъ мегардонанд.
Гарчанде ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо бошанд ҳам, аксари онҳо ҳамкориро бо мақомоти иҷроия вусъат дода, дар густариши сулҳу ваҳдат, раҳоӣ ёфтан аз бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷумхурӣ саҳми арзандани худро гузошта истодаанд. Қисми зиёди проблемаҳое, дар маҳалҳо ҷой доранд, дар якҷоягии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ҳалли худро меёбанд.
Иди Сарқонун муборак, эй Ватан,
Бахти рӯзафсун муборак, эй Ватан!
Зулфов У., директори муассисаи таълимии №1-и ш.Левакант