Таҷлили Конститутсия
Бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Левакант чорабинии идона доир гардид. Қабл аз оғоз намоиши китобҳои адибони классик, муосир ва бачагона пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод ба сухан баромада, тамоми иштирокчиёнро бахшида ба рӯзи Конститутсия табрик намуд.
Зикр гардид, ки Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои олии замони Истиқлолияти кишвар буда, 6-ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.
Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи энергетика ва саноат Ш. Маҳмадалиев иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ як гурӯҳ фаъолон ва кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бахшида ба рӯзи Конститутсия сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон барномаи рангини консертии омодакардаи бахши фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.