Аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, мардуми тоҷик Истиқлолияти комилро озодона ба даст овард. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо истода буд, ки ҳар чи тезтар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишварро қабул бояд кард.
Моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи конститутсия аз тарафи Суди Олӣ ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, тавассути ахбори омма паҳн гардид. Вале ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга зад ва ин равандро боздошт.
Моҳи ноябри соли 1992 баъд аз интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯ ҳамзамон раиси Комиссияи конститутсионӣ таъин гардид. Барои лоиҳаи Конститутсияро тайёр намудан Гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро дар моҳи апрели соли 1994 барои муҳокима ба ҳайати комиссия пешниҳод намуд. Яке аз ин лоиҳаҳо сохти давлатдориро ҳамчун ҷумҳурии президентӣ ва дигар лоиҳа бошад ҳамчун сохти парламентӣ шарҳ медоданд.
Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи шакли ҷумҳурии президентиро тасдиқ намуд.
Президиуми Шӯрои Олӣ лоиҳаи Конститутсияро 13 апрели соли 1994 интишор кард.Ҳамзамон Президиум комиссияи конститутсиониро ваколатдор кард, ки фикру ақидаҳои шаҳрвандонро оид ба Конститутсияи пешниҳодшуда то моҳи июни соли 1994 ба инобат гирад. Лоиҳаи Конститутсия дар воситаҳои ахбори омма 21-22 апрели соли 1994 нашр шуд.Лоиҳа аз 10 боб ва 100 модда иборат буд, ки айни ҳол сохтори Конститутсияи амалкунандаро ташкил медиҳад.
6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ва ин санад дар таҷлили давлати навини мо рӯйдоди сарнавиштсоз буд.
Дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуввумин шуда, баъди Руссия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия бинобар таҳлили коршиносони САҲА ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарин давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Имрӯз, яъне 6-уми ноябри соли 2019 мардуми Тоҷикистон 25- умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо дар назардошти ин далел, ки мо тӯли беш аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор доштем, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 25-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин хуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Аз ин нуқтаи назар ман, тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 25 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон меҳисобам, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбуёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд, Воқеъан, зиндагӣ дар чунин ҷомеае, ки асосҳои бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи халқи мо дар масири асрҳо буд ва бояд гуфт. ки дар ин роҳ кӯшишҳое низ амалӣ карда мешуданд. Ҳанӯз дар аҳди Ҳахоманишиниён дар қарни панҷуми пеш аз милод эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир содир шуда буд, ки дар он бори нахуст сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт. Аксар мутахассисони таърихи ҳуқуқ ин санадро ба ҳайси нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф кардаанд. Аммо бо вуҷуди он, ки далели таърихӣ боиси ифтихор аст, вале як масъаларо дар назар бояд дошт, ки ин эъломия ва ба он монанд санадҳои арзишманде, ки дар таърихи қаламрави зисти халқи мо арзи вуҷуд кардаанд, аз зумраи санадҳое мебошанд, ки бо ташаббуси ҳукмфармоён содир мешуданд ва халқ ба қабули он чораи дигаре надошт. Албатта, аз нигоҳи арзишҳои замони имрӯза ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии халқи тоҷик муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии мамолики дигари ҷаҳон қобили қабул буда наметавонад. Зеро ҳар кишвар бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосияш муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои сарнавишти давлатдории тоҷикон аст, ки тақдири имрӯз ва фардои мардуми шарифи тоҷикро ҳал мекунад. Доштани Конститутсия барои ҳар як давлат ва миллат ифтихори бузург мебошад. Дар дунё бисёр давлатҳое ҳастанд, ки Конститутсияи худро надоранд. Агар дар олам зиёда аз ҳазор миллат вуҷуд дошта бошад, ҳамагӣ 200-300-тои он дорои Конститутсия мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат хисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ҳуқуқу қимати инсонро поймол кунанд.
Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи талаботи Конститутсия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он хамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субьекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Ин санади муқаддас, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати сохибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид.
Мо бояд шукронаи ин ҳама неъматҳои илоҳӣ кунем. Шукрона аз он кунем, ки дар фазои амну оромӣ ва озодию якдигарфаҳмӣ ибодатҳои худро адо менамоем. Шукрона кунем, ки Ватан дорем ва моро дар тамоми дунё бо фарҳанги ғании тоҷикиамон мешиносанд ва қадр мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама озодиҳо ва дастовардҳо бо сабаби Истиқлолияти давлатӣ фароҳам омадааст ва чун гавҳараки чашм онро бояд ҳифз намоем. Яке аз дастовардҳои бузургу нотакарор дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гаштан ба озодии виҷдон ва эҳёи суннатҳои динӣ буд. Ҳамин аст, ки дар Конститутсияи мамлакат ва бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сиёсати дохиливу берунии давлат ҳамеша арзиш ва нақши дини мубини исломро ҳифз мегардад.
Истиқлолият –ин бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ва халқу қавмҳои Точикистон дар тӯли таърихи ҳазорсола мебошад. Ҳамин дастоварди таърихӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо, дар баробари кишварҳои мутараққии ҷаҳон қадам зада, дар ҳалли проблемаву масъалаҳои глобалӣ, ки сокинони сайёра бо он рӯ ба рӯ гардидаанд, саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯзҳо ҷавонони соҳибватани мо бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдорӣ шукургузорӣ намуда, дар осмони софу беғубор, дар зери Парчами Тоҷикистони азизамон софдилона меҳнат намуда, дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳиссагузорӣ намуда, Ватани азизамонро ободу зебо гардонида истодаанд. Ҷавонон нерӯи бузургест, дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ бо кору пайкори худ, бо комёбиҳои назарраси худ дар тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, варзиш ва илму фарҳанг ифтихор мекунанд.
Дар даврони соҳибистиқлоли хонандагону варзишгарони шаҳри мо дар олимпиада, озмуну мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок карда, бо маҳорату ҳунарнамоии худ соҳиби медал ва ҷоизаҳо гардидаанд. Дар ин раванд ҳиссаи ҷавондухтарони мо низ калон аст. Ба вазишдухтарони мо низ муяссар гардид, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистон ва шаҳрро бо дастовардҳои варзишӣ баланд бардоранд.
Бердӣ Валиев, собиқадори меҳнат аз шаҳри Левакант