Тири нохалафон хок хурд!

.

ТЭТ  ҲНИ, ДИИШ ва дигар созмонҳои терористию ифротӣ барои халалдор кардани оромӣ дар Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Аммо Мақомоти қудратии мамлакат барои таъмини амнияту суботи кишвар ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки гурӯҳҳои ифротию нопок ҷомеаи моро ноором созанд. Ҳодисае, ки шаби шашуми ноябр дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» рух дод, албатта кори дасти яке аз гурӯҳҳои ифротӣ аст. Чунки онҳо дар дил ба ғайр аз бухлу кина ва бадбинӣ чизи дигареро ҷой намедиҳанд. Агар гӯем, ки онҳо роҳгумзадаанд хато намекунем. Хоҷагони хориҷиашон онҳоро бо андак пули ночиз фиреб додаву ҳамеша нақшаҳои навро барояшон пешниҳод мекунанд. Аммо имрӯз КДАМ ва дигар сохторҳои низомии кишвар тамоми нақшаву ҳадафҳои чунин гурӯҳҳои нохалафро дар ҷояш санҷидаву маҳв месозанд. Баъд аз маҳв шудан тарғиботчиёнашон зуд дар сомонаҳои иҷтимоӣ сару садо баланд карда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён мекунанд. Ҳоло онки ҷойи зисташон Тоҷикистон асту аз обу хоку тамоми мавҷудоташ истифода мебаранд. Амнияташон бошад ба пуррагӣ таъмин аст. Чаро онҳо хиёнат ба падару модару пайвандонашон мекунанду боз бо овози баланд худро мусалмон мегуянд. Ҳоло онки баъзеашон аз ислом ҳатто хабаре надоранд. Магар дар дини мубини ислом қатли падару модару хоҳар равост? Албатта не, пас чаро баъзе аз ҳамватанони гумроҳи мо ба чунин кор қодиранд? Фақат як ҷавоб ҳаст: беномусӣ, бешарафӣ,  бефарҳангӣ, гумроҳӣ, ҳирс...

Хуллас, мардони бонангу номус ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба пойи миллати тоҷик хоре халад ва арзишҳои моддию фарҳангӣ аз дасти чунин бадхоҳон несту нобуд гардад. Барои ҳимояи Ватан ва ҳамватанонашон ҷони худро сипар месозанд.

 

Ашуриён, ш. Левакант