Зиракию ҳушёриро набояд аз даст дод…
Гуруҳҳои террористӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита зарари худро ба зиндагии осоиштаи мардум расонанд, чунки мақсади асосии онҳо тарсу ҳаросро дар дили мардум ҷо намудан аст. Ин кор агар дар хуну пӯсти онҳо ҷой гирифта бошад ҳам, аз ҷониби дигар нақшаҳои пешаки тарҳрезишудаи роҳбарони онҳо, душманони хориҷӣ ва дохилии мо аст. Воқеаҳои солҳои пешин гувоҳ аст, ки дар ҳар иду ҷашнҳо душманон аз ҳар гӯшаву канор сар боло намуда, мехоҳанд нақшаҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Ҳамлаи ногаҳонаи гурӯҳи террористон ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" нақшаи тарҳрезишудаи душманони миллат мебошад.
Сари вақт аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ дастгир шудану нест гардидани ин гуруҳи нохалаф нишонаи устуворию мардонагӣ ва зиракию ҳушёрии сарҳадбонони тоҷик аст.
Дар рух надодани ин воқеа баробари сохторҳои низомӣ бояд ҳар як фарди ҷомеа ҳиссагузор бошад, ҳушёрию зирракиро аз даст надиҳад.