Дар иҷрои вазифаҳои худ бо виҷдони пок амал намоем
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷамъомад доир гардид, ки дар рафти он ҳисоботи 2,5 – солаи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав таъин гардид ва вакилон ба Конференсияи 21-уми ҳизбӣ, ки охири моҳ баргузор мегардад, пешбарӣ гардиданд.
Дар анҷом масъулини Кумита оиди банақшагирии дурусти буҷети маҳаллӣ ва шаффофияту адолатноки дар сарфу харҷи буҷети маҳаллӣ сухан гуфта, ҳозиринро барои бо дасту дили пок адо намудани вазифаҳои хизматии худ ҳидоят намуданд.
Қайд гардид, ки даст задан ба амалҳои коррупсионӣ аз навъҳои фасод ва офатҳои иҷтимоиест, ки ҷомеаро бештар ба вайронкорӣ ва нобаробарӣ мебарад. Касе, ки шинохти муайяни виҷдонӣ, имонӣ ва қонунӣ надорад, вазифаи худро бидуни тамаъ иҷро намекунад. Ин ҳолат инсонро аз иҷрои уҳдадории холисона ва қонунӣ дур менамояд.