Таъмини бехатарии маводи озуқа дар мадди аввал

.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойторӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷамъомад доир гардид, ки дар рафти он ҳисоботи 2,5 – солаи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав таъин гардид ва вакилон ба Конференсияи 21-уми ҳизбӣ пешбарӣ гардиданд.

 Масъулини Кумита инчунин вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, самтҳои афзалиятноки ҳизб ва саҳми босазо гузоштани ҳар аъзои ҳизб дар рушду ободонии мамлакат сухан гуфтанд.

Гуфта шуд, ки баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, ки ҳамеша зери таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор дорад.

Таъмини бехатарии маводи озуқа, пешгирии воридшавии маҳсулоти гӯштию ширии пастсифат ва зарарнок аз вазифаҳои асосии кормандони идораи бойторӣ ба шумор меравад, ки бояд мунсифона иҷро шавад,-хулоса гардид дар ҷамъомад.