Номи фидоиёну родмардони ҷасури ватан абадӣ боқӣ мемонад.
Ҳангоми шунидани хабари нохуш, ки шаби 6- ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа як гурӯҳи нохалафи ҷиноятпешаи мусаллаҳ, иборат аз 20 нафар ашхоси ниқобпӯш, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами №4- и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум намуда, дар пайи ин ҳамла 5 адад яроқи оташфишон (АКМ)-ро тассаруф намудаанд, шахсро ором гузошта наметавонад.
Воқеаҳои солҳои пешин гувоҳ аст, ки дар ҳар иду ҷашнҳо душманон аз ҳар гӯшаву канор сар боло намуда, мехоҳанд нақшаҳои нопоки худро амалӣ созанд. Ин дафъа низ родмардони ҷасуру фидои ин ватану ин миллат, бо як шуҷоату мардонагӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат, дар пайи як амалиёти тезутунд 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳро безарар гардонида, 5 нафарашонро боздошт намуданд. Дар пайи ин муноқиша ду сарбози далеру ҷасури ватандӯст мардонавор барои ҳифз ва ҳимояи Тоҷикистон азизамон ҷони худро нисор намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ватан ин калимаи муқаддас буда, на ба ҳар кас муяссар мегардад. Мо хушбахттарин шахсиятҳое мебошем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони софи беғубор кор ва зиндагӣ дорем. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҳисоб рафта, зиёда аз 190 давлати чаҳон онро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ доранд.
Имрӯз баъди барбод рафтани мақсадҳои нопоку ғаразноки ин гуруҳи торуморшуда бори дигар исбот гардид, ки мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз менамоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона мерасем ва оромию суботи мамлакатро ҳифз карда метавонем.
Мо намегузорем, ки нохалафе ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созад.
Суҳроб Валиев –Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант