Вохӯрии сайёр дар деҳаи «Истиқлол»

.

Рӯзи 7-уми ноябри соли 2019 бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  дар якҷоягӣ бо мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Левакант Тоиров Б, сардори шуъбаи агентиии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Ашуров Қурбон, кормандони барномаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта», раиси маҳалла, сокинони деҳаи «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» иборат аз  30- нафар вохӯрии  сайёр доир карда шуд.

 Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои соҳибкасб ва соҳибмаълумот гаштани ҷавонон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, экстремизм - терроризм, риояи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», пешгирии хушунати хонаводагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон , риояи қонунҳои амалкунанда дар муҳоҷирати меҳнатӣ, ба ҷо овардани рисолати модарии ҳар як зан мавриди муҳокима қарор дошт. Дар фарҷоми вохӯрии сайёр маводҳои таблиғотӣ дастраси иштирокдорон карда шуд- гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Н.Халилова