Таҷлили рӯзи милитсия дар шаҳри Левакант.
Бахшида ба таҷлили рӯзи милитсияи тоҷик дар толори қасри фарҳанги шаҳри Левакант чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ иҷрпокунандаи вазифаи раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод ба сухан баромада тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тартибрти ҷамъиятӣ ва собиқадорони соҳаро ба ин рӯзи фархунда шодбош намуд.
Зикр шуд, ки оримию суботи мардум аз заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ сахт вобастагӣ дошта, хизматҳои шабонарӯзии онҳо аз мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дур намемонад.
Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Муродзода Нодир Лайло ба собиқадорон ва кормандони милитсия барои хизматҳои шоёнашон дар соҳа изҳори минатдорӣ баён намуда, оҳоро бо сипономаву туҳфаҳои молӣ қадр намуд.
Сипас барномаи консертии омодакардаи аҳли фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.