Ободонӣ – мароми мо

.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Левакант бомаром идома дорад. Дар баробари ин яке аз масъалаҳои муҳим ободии роҳҳо ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва аҳолии маҳаллаи Мирзо Турсунзода беш аз 500 метр роҳҳои маҳалла сангфарш карда шуд.

Дар ин кор барои таъмини техникаҳо ва кумак ба аҳолӣ Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилии шаҳр саҳми бориз дорад. Тавре директори муассиса Наҳтулло Олимов зикр намуд: Мо ҳамеша омодаем, ба халқ хизмат кунем ва техникаҳои муассиса дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби соҳибкорони маҳалӣ, аҳолии маҳал ва дигар ташкилоту идораҳо  баҳри созандагию ободонӣ пайваста талош меварзанд.