Хонишҳои сиёсӣ барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум!
Дар ташкилоти ибтидоии «Исмоили Сомони»-и шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар аввал мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев баромад намуда, қайд карданд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудааст.
Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёди таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Читавре, ки Роҳбари давлат қайд карданд, ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.
Ҳамзамон дар рафти маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, баъдан бо дастгирии иштирокчиён, раисони ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гашта, номзадии вакилӣ шахсони арзанда, ба конференсияи шаҳри пешбарӣ шуданд.