«Ватанро пуштибонем»
Тибқи нақшаи кории ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо донишҷӯёни филлиали коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, ки дар назди Беморхонаи марказии шаҳр амал мекунад, вохӯрда, бо онҳо сӯҳбати гарму самимӣ доир намуданд.
Фароғат Назарова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита вобаста ба масъалаҳои марбут ба соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати тибии аҳолӣ, махсусан ба онҳо фаҳмондани сабабу омили пайдоиши бемориҳои сироятӣ ва пешгирии онҳо дар байни мардум сухан гуфта, донишҷӯёнро ба дӯст доштани касби интихобкардаашон ва талош варзидан баҳри беҳбудии саломатии мардум талқин намуданд.
Гуфта шуд, ки ин чорабинӣ таҳти шиори «Ватанро пуштибонем!» бо мақсади ба саҳми ҷавонон расонидани сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ сохтани онҳо аз вазъи нохуби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ гардида, аз ҳисоби онҳо дар оянда таъсис додани гурӯҳҳои кории алоҳида барои пешбурди корҳои таблиғотӣ дар назар дошта шудааст.
-Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва Истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем, - хулоса гардид дар чорабинӣ.