Баргузории Конференсия

.

Санаи 14.11.2019 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагии Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимимияти давлатии шаҳр- Азизов М.Ҳ. ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ЛКСК-и шаҳр конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоӣ иқтисодии кишвар» доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур вобаста ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулин баромадҳо доир гардида, касбомӯзон дар васфи Сарвари давлат шеърҳо қироат намуданд.

 Дар ин чорабинӣ зиёда аз 78 нафар касбомӯзон ва омӯзгорн иштирок доштанд.  Дар охир ба иштирочиёни фаъол аз ҷониби мутасаддиёни чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.