Рисолати зани тоҷик покдоманӣ ва инсондӯстист…

.

Он субҳ, ки хабари чашмношунидро шунидам, ки як гурӯх гумроҳони беватан сарҳад убур карда ҷавонмадони тоҷикро  ба қатл расонидаанд, даст ба гиребон бурда, тавбаҳо кардам, ки имрӯз онҳо чӣ тавр тавонистанд хуни ноҳақи ҷавонмардони тоҷики  шуҷоъро резонанд...

 

Ин амали  номардони шумо солиёни зиёд дар таърихи инсоният нобахшиданист….

Ба зани тоҷик намезебад, ки субҳи пурфайзу бобаракат ва ороми Ватани азизи моро бо дахолати  палидонаи хур рахна карда, ашк аз чашмони модари тоҷик бирезонад…..

Эй хунхор ва бехабар аз шириниҳои ҳаёт, оё ту медонӣ, ки бо ин амали нопоки худ азму иродаи ҷавонони Ватанхоҳи моро шикаста наметавонӣ!

Мо намеҳаросем!

Ватани худро дӯст медорем ва бо ӯ ифтихор дорем!

Чунки мо занони даврони Истиқлол, аввалан шукргузор аз меҳану фарзанди фарзонаи он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки танҳо ба хотири амалҳои неки ин фарзанди сулҳхоҳ дар арсаи чаҳонӣ Тоҷикистонро  чун давлати абадқудрат, биҳиштосо  шинохтаанд.

Гирди ӯ чун модарони содиқ боҳам омада, намегузорем, то  ба ӯ осебе расад. Баҳри амалӣ гаштани нақшаи некхоҳонаи ӯ камари ҳиммат мебандем, то бо қуллаҳои орзуҳои некаш бирасад…..

Аз нақшаҳои хоинонаи шумо ҳеҷ гоҳ намеҳаросем, баракс мо модарони тоҷик ва ҷавонон баҳри ободии диёр ва оромии сарҳад синаи  худ сипар мекунем…

Чунки дар гузашта оғоз аз Шуриши Восеъ то ба кунун  мардуми тоҷик озодиҳоҳ буд ва мемонад…

Таърих гувоҳ аст, ки модари тоҷик зани покдоман, инсондӯст, хайрхоҳ, нексиришт, некпаймон ва ҷоннисор аст….

Ҳамаи ин хислатҳои накӯи модари тоҷик имрӯз сармашқи кори ҳар  як сарбози Ватан аст!

Мо як гурӯҳ модарони содиқи ин Ватани биҳиштосо бо виқор мегӯем, ки эй хоинони Ватан, ғуломони хоҷаҳои зархариди гумроҳи экстемизиму терроризм, побандони равияҳои ифротгароӣ, бо ин рафтори ифлоси худ имрӯз зиракии сиёсии модарони тоҷикро шикаста наметавонед, мо дар заминаи меҳру муҳаббати нотамом ба Ватани худ нисбат ба шумоён нафратҳо доштем ва  дорем.

Ин аст азму иродаи ҳар як модари тоҷикистонӣ.

 

Фируза Набиева – мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва    

 оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант