Иваз намудани номи ташкилот хиёнатҳои ӯро руйпуш намекунад. (дар ҳошияи ТТ ҲНИ)

.

Дар хусуси ташкилоти террористӣ эътироф гардидани ҲНИ борҳо тавассути расонаҳои гуногун маводҳои таҳлилӣ ба табъ расидааст ва дар бораи ин хурду бузурги кишвар ва ҷаҳон маълумот дорад. Боиси таассуф аст, ки аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ дар оғӯши Тоҷикистони биҳиштосо ба камол расида, аз боду ҳавои мусаффояш нафас кашида, обу нони муқаддасашро чашида, имрӯз курнамаки карда, ба решаи худ теша мезананд. Аз дур истода сангзанӣ карданро ба худ хос шуморида, дигаронро низ чун худ гумроҳ кардан мехоҳанд.

 

Ёдовар бояд гардид, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 29 январи соли 2016, таҳти рақами 79 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил намуд. Маълум аст, ки СҲШ ҳамчун ниҳоди муқаввои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ 8 кишвари бузурги ҷаҳониро бо шумули 3,3 млрд аҳолӣ дар бар мегирад ва аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба масъалаи ташкилоти террористӣ эътироф шудани ҲНИ маънои ба воқеият гироиш пайдо кардани ниме аз давлатмардон ва ҷомеаи дунёиро далолат мекунад. Аммо онҳо барои руйпуш ва аз маддӣ назари халқ дур кардани кирдорҳо ва хиёнатҳои худ, номи худро аз ТТЭ ҲНИ ба ПМТ иваз намудаанд. Тамоми аъзои ПМТ, аз ҷумла М.Кабири раиси ТТ ҲНИ, Алим Шерзамонов, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Муҳамадиқболи Садриддин собиқ аъзоёни ТТ ҲНИ мебошанд, ки инро тамоми сокинони Тоҷикистон аз хурд то калон медонанд. Онҳо ба халқӣ тоҷик чунон хиёнатҳое кардаанд, ки он ҳаргиз аз хаёли халқи тоҷик фаромуш намешавад. Суди Олии Тоҷикистон ин кирдорҳо ва хиёнатҳои онҳоро дида паймони миллии Тоҷикистонро ташкилоти террористи эълон намуд. Муҳиддин Кабири ҳангоми раиси ТТ ҲНИ буданаш нисбати Точикистон хиёнатҳо карда буд, имруз бо ӯ сардори ин паймон гардидааст, ки маълум мегардад, ки он нақшаву ниятҳое, ки доштанд, имруз низ онро давом додан мехоҳанд. Бояд қайд кард, ки дар кадом гуруҳе, ки Муҳиддин Кабири ва аъзоёнаш ҳаст онҳо ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ғайр неша задан дигар кор нахоҳанд кард.  

Борҳо шоҳиди он гардидаем, ки роҳбарон ва аъзоёни ин ташкилоти террористӣ дар конфронс ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, бар зидди Тоҷикистон буҳтон ва бофтаҳои зиёдро кардаанд ва дар чунин шакл кори худро идома дода истодаанд. Инро ба инобат гирифта бояд ҳар як сокини кишвар ҳаргиз зиракии сиёсии худро аз даст надода бо шуури баланд амал намояд то фирефтаи чунин иғвоангезону терорристон нашавад. 

Бояд тазаккур дод, ки созмондиҳӣ ва барномарезии пружаҳои сиёсӣ ва динӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои беинзиботӣ, бетартибӣ, бесуботӣ ва бебандуборӣ дар ҷомеаҳо, ки маъмулан, дар истилоҳи тахассусии «хоси идорашаванда» ҷамъбаст мегардад, тарҳрезӣ ва пиёда мешаванд, сухани тоза нест. Бахусус, аз ибтидои асри бист коргардонон-таҳиягарони пружаи исломи сиёсӣ дар мамолики арабӣ роҳкорҳои густарда рӯйи даст гирифта, бар асоси консепсияҳои архаистии динӣ-мазҳабӣ ва истифода аз нуфузи рӯҳониёни маҳаллӣ тарҳҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намуданд.  Ҳамин гуна тарҳи сиёсӣ ва динӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои иттилоотии ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ аз ҷониби доираҳои рӯхонияти нуфузманд ва муҳофизакори исломӣ ҳамсадоӣ пайдо кард.

Хулас гуфтан мумкин аст, ки ҳар як шахс бояд доиман баҳри некро аз бад ҷудо кардан ақлу заковати баланди худро истифода карда, ба фиреб, иғвоангезӣ ва суханони бардурӯғи аъзоёни ин ташкилоти террористи нашуда, ба қадру манзалати осоиштагии меҳан ва Ватан – Модар бирасад. Зеро чуноне дар боло гуфтем мақсади фаъолияти тамоми  ташкилотҳои терорристӣ, алалхусус ТТ ПМТ ноором сохтани вазъият ва амалӣ гардидани манфиатҳои худ мебошад.