Рӯзи Президент худшиносию худогоҳии миллии ҷавононро таҳким мебахшад
Дар чунин давру замоне, ки ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ берун аз қаламрави мамлакат тавассути таҳриф кардани ҳақиқати таърих талоши ба гумроҳӣ бурдани ҷавонони тоҷикро доранд, таҷлили Рӯзи Президент воқеаи ниҳоят таъсирбахш ва руҳбаландкунанда дар самти худшиносию худогоҳии миллии ҷавонону наврасон мебошад.
Ин рӯз рӯзест, ки тамоми мардуми тоҷик новобаста аз синну сол бо ташкил намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, аксияву роҳпаймоиҳо бо нишонаи арзи эҳтиром ба хизматҳои шоистаи фарзонафарзанди миллат садоқат ва эътиқоду эътимоди худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд.
Дар ҳақиқат ҳар иқдоми Президенти маҳбуби мо шурӯъ аз солҳои аввали ба ҳайси роҳбари давлати ҷангзадаю парешоншуда фаъолият доштанашон то ба имрӯз намунаи олии ватандӯстию инсонпарварию сулҳофаринӣ ва ҳақиқатест, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кардааст. Воқеан зиндагиномаи ин абармарди дунёи шоистаи пайравист. Беҳуда нест, ки мо ҷавонон суханони «Мо пайравони Пешвои миллатем»-ро барои худ шиор кардаему баҳри амалигардонии он камари ҳиммат бастаем. Аз ин рӯ ватандӯстӣ барои ҳар нафари мо на дар забон, балки дар дилу ҷон бояд бошад ва инро метавонем танҳо дар амал исбот намоем.
Ин рӯзи саидро ба ҳамаи тоҷику тоҷикистониён муборакбод мегӯям!
Ҷумахон Одинаев,
мудири бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ш. Левакант