Ҳифзи Ватан қарзи фарзандист.

.

Ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва пӯшиши мухталифи он аз ҷониби расонаҳои хабарӣ чунин аст.

 

Ба изҳороти маркази матбуотии Қушунҳои сарҳадии КДАМ шаби шашуми ноябр як гурӯҳи бистнафараи хоинони мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4-и "Ишқобод"-и Қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод" ҳамла намуданд.

Дар вақти ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша ду тан аз родмардони шуҷоъ ҳангоми дифои Ватан ва амнияти мардум мардонавор ҷон бохтанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам изҳорот додаанд, ки ин афроди ҷиноятпеша аъзои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд ва онҳо аз минтақаи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Пас аз изҳорти мақомоти низомии Тоҷикистон, дар расонаҳои хабарии хориҷӣ ва чанде аз шабакаҳои хабарии  гурӯҳҳои мухолиф ҳодисаи  мазкур ба таври муғризона ва бофтаву сохта шарҳ дода шуд. Ин хабар дар сархати бисёре аз расонаҳои маъруфи ҷаҳон қарор гирифт ва тафсири гуногуни коршиносонро ба бор овард. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷараёни тафтишот идома дошта, хулоса ва ҷузъиёти муфассали он ҳоло баён нагардидааст.

Абдуллои Раҳнамо, донишманди тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ нигоштааст,  агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд. Ва бадтар аз он, ин нерӯи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад. Чуноне дидем, чунин гурӯҳакҳо дар алоҳидагӣ дар баробари нерӯи давлати мо ҳеҷанд, аммо тавону таҷрибаи пуштибонони онон басе бузургтар аз инанд ва худи терроризм як сиёсати калони қудратҳои ҷаҳонӣ ва як барномаи васеи фароминтақавист.

Хуллас, ҳаминро бояд гуфт, ки  корнамоии кормандони мақомоти қудратӣ, ҷиҳати безараргардонии душманону хиёнаткорон,  аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодабошии ҳамешагии онҳо дарак медиҳад.  

Мутаассифона, дар натиҷаи ин амали нангини душманон ду тан аз фарзандони ҷоннисори Ватан ҳалок гардиданд. Онҳо баҳри ҳифзи оромии мо тани худро сипар намуда, нагузоштанд, ки амнияти Ватан халалдор гардад. Ин қаҳрамонии кормандони мақомоти қудратӣ арзандаи ҳама гуна ҳамду ситоиш аст. 

Дар воқеъ, ҳифзи ватан, посдории арзишҳои миллӣ, фарҳангу маънавиёт ва ояндаи давлат, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандор мебошад. Мо мардуми ватандӯст ва ватанпарвари Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамеша дар муқобили амалҳои нопоки гуруҳҳои мусаллаҳи ифротиву террористӣ истодагарӣ намуда, муборизаи беамон барем, то тавонем дастаҷамъона решаи чунин нохалафонро сӯзонем.

Орзу Ашуров, ш. Левакант