Ҳунаромӯзӣ воситаи беҳтарини пешгирии амалҳои номатлуб

.

Дар доираи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби санъати бачагона»-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ доир гардид.

 

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо аъзои ташкилоти мазкур ҳисоботи 2,5-солаи раиси ташкилотро шунида, вакилони худро барои Конференсияи 21-уми ҳизбӣ пешбарӣ намуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва иҷрои корҳои ҳизбӣ иброз намуд.

Дар анҷом дар миёни аҳли ҷамъомад барои дар сатҳи баланди омодагиҳо таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ, ҳамчунин ба ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани наврасон ва ба ин васила аз даст задан ба ҳар гуна амалҳои ношоиста пешгирӣ намудани онҳо гуфтугӯ карданд.