16-ноябр рӯзи Президент дар шаҳри Левакант бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.

.

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бахшида ба ин санаи фархунда идона ороста шуда буд. Дар назди Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои миллӣ пешкаши сокинон ва меҳмонон гардонида шуд.

 Дар қисмати расмии чорабинии идона дар толори Қасри фарҳанг иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод ба сухан баромада томоми ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Президент табрик намуд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Хатлон  Раҳимзода Раъно аз номи раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон тамоми сокинони шаҳрро бо Рӯзи Президент табрик намуд.

Сипас барномаи рангини омодакардаи аҳли фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.