Вохӯрӣ бо иштирокчиёни Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр рӯзи 15 ноябр дар муассисаи таълимии №1 бахшида ба 27-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Файзуллоев, аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва аъзои маҳфили адабии «Гулбазм» вохӯрӣ доир гардид.

 

Файзулло Саидов аз таърихи қасри Арбоб ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар сухан ронда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва талошу кӯшишҳои фарзандони содиқи ватан дар роҳи расидан ба сулҳи комил дар кишвар ҳидоят намуданд.

Инчунин таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд тамоми саъю кӯшишашонро  ба донишандӯзӣ, интихоби дурусти касб, ободиву пешрафти сарзамини азизамон ва ҳимояи марзу буми кишвар равона намоянд.