«Пуштибони ватанем»

.

18 ноябр аз рӯи нақшаи кории ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таълимии №2-и шаҳр таҳти унвони «Пуштибони ватанем» вохӯрӣ доир гардид, ки зимни баргузории он масъулини Кумита бо як гурӯҳ хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз суҳбат оростанд.

 Қайд гардид, ки имрӯзҳо тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат аз он ҷумла дар шаҳри мо низ барои таҳсилу донишандӯзии насли наврас тамоми шароитҳо фароҳам шуда истодаанд. Аз он ҷумла таъмини синфхонаҳои компютерӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ дар омӯзиши фанҳои алоҳида нақши муҳим дорад.

Хонандагон дар навбати худ изҳор доштанд, ки албатта дар ҷавоб ба ин ѓамхориҳои давлату ҳукумат баҳри хубтару беҳтар аз худ кардани фарҳои таълимӣ, ахлоқи хубу ҳамида доштан ва пешрафту шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо, ки хонаи умеди ҷумла тоҷикони ҷаҳон аст, талош хоҳанд варзид.