Чон фидо дар роҳи паймон кардааст

.

Ҳар боре, ки тариқи оинаи нилгун аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат чизе мебинам, ё ҳар боре, ки ба ман  муяссар мешавад дар сӯҳбат ё вохӯрии ҳолдонҳо ширкат варзам, воқеан Худодод будани Эмомалӣ Раҳмон маълумам мешавад. Пешвои миллат тавонистанд мардуми парешонро дигарбора сарҷамъ кунанд. Ба ваъдаи «Ман ба шумо сулҳ меорам», вафо карданд. Ҳарчанд осон набуд…Ҳарчанд борҳо қасди ҷонаш карданд…Захмаш заданд. Вале аз роҳаш боз нагашт…Умеди мардумро бароварда сохт…Тоҷикро ба хоки худ баргардонд…Ба ҷудоӣ, қатлу куштор, дуздию ғорат хотима бахшид…Кишварро обод кард.

Агар дар бораи Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ сухан ронем, дар ҳақиқат он барои миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон як заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гардид. Зеро ки баъди ҳодисаҳои ба мо маълуми солҳои 90- ум тамоми сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ки аз фаъолият боз монда буданд. Вақте ки Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ даъват шуд, масъалае ба миён омад, ки бояд як шахсияте аз миёни намояндагони мардум дарёфт созанд, ки ӯ тавонад ташкил намудани ҳукуматро бар уҳдаи худ гирад. Ин шахсият хушбахтона ба бахти миллати тоҷик, ки бисёр як шахсияти дорои фаҳмиши бузург…Ҳарчанд, ки ҷавон ҳам буд, ин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти имрӯзаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд.