Нигоҳе ба гузашта «Илм омӯзед, адаб омӯзед, забон омӯзед. Забон надонед ба ману маву мн ба ҷое намерасед! Боз мегуям илм омӯзед! Чароки ояндасоз шумоед!»

.

Дар МТМУ №1 бахшида ба ду ҷашни бузарги давлатӣ, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент чорабинӣ доир гардид. Нахуст омӯзгорону хонандагони ин муассиса барномаи омоданамудаи худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

 

Дар ин чорабинӣ чанде аз собиқадори ҷангу меҳнати шаҳр иштирок намуда, суханронӣ намуданд.  Файзулло Саидов, иштирокчии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ аз ёддоштҳои худ ба хонандагон чунин қисса кард:

Вақте, ки мо барои иштирок дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ мерафтем. Дар роҳи фурудгоҳ занҳо моро дида мегуфтанд: ба мо гушт…ба мо орд, қанд, равған наёред! Ба мо СУЛҲ биёред! Эй, ака! Эй додар! СУЛҲ! Ман оби дидаамро дошта наметавонистам…то дохили ҳавопаймо гиристам…! Ана сулҳ. Ана осоиштагӣ!

Дар ҷамъбаст маъмурияти МТМУ №1 ба меҳмонон барои ташрифашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.