Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дилу дидаи ҳар як фарди ҷумҳурӣ ба некӣ нақш бастааст. Алалхусус дар дили поки ҳар як модари тоҷик.

.

Оре, модар сабзтарин барги хилқат, боғбони бӯстони зиндагии мост. Барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷумла «Дар бораи тадбирои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ба тавсиб расидааст, ки ҳар як санади номбурда танҳо ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон, мавқеи онҳо дар ҷомеа ва ба ҷо овардани рисолати зани тоҷик равона шудааст.

 

Мо модарони тоҷик имрӯз бояд шукр кунем, ки таҳти роҳбарии марди шуҷоъ, сиёсатмадор, роҳбари хирадманд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳони сангини қисмат бо сарбаландӣ баромада, зани тоҷикро бо меҳнати ҳалол, ҳунари воло дар арсаи ҷаҳонӣ бо некӣ мешиносанд.  

Мо, модарони даврони истиқлолро мебояд, ки ҳамқадами замон буда, ба қадри ғамхориҳои ин давлат расида, дар оилаи солим фарзандони босаводу шӯҷоъро баҳри хизмати халқу Ватан омода намуда, доимо шукргузорӣ осмони софу беғубор бошем.

Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.

Агар гӯем хидматҳои ту бе мислу монанданд,

Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.

Мутахассиси пешбари бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ф.Набиева