«Ҳамагӣ 30 нафар хонандаи аълохон»
З. Давлатзода, раиси шаҳри Левакант 14- ноябр дар қасри фарҳанги шаҳр бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии маркази шаҳр вохурӣ доир намуд.
Пешгирӣ аз даст задании ҷавонон хосса хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ба ҷинояткорӣ ва тарғиб ба фарҳанги ғайр мавзӯъҳои асосие буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси шаҳр З. Давлатзода аз амали ҷинояткоронаи 13 нафар муҳасилини таълимгоҳҳои шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, аз аҳли ҷамъомад даъват ба амал овард, ки бо дониши баланду ахлоқи намунавӣ шаҳрро муаррифӣ кунем, на ба амалҳои ношоям.
Шумо ба мо азизед! Ба давлату ҳукумат, падару модару омӯзгорон! Фарзандони азиз! Биёед, фикрҳои худро сарҷамъ кунед. Бо сатҳи дониши баланд, забондонӣ, кор бо технологияи муосир ва ахлоқи намунавӣ исбот кунед, ки ба боварию эътимоде, ки давлату ҳукумат ба шумо кардааст, сазоворед,- гуфт З. Давлатзода.
Сипас Ҳ. Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, собиқадори соҳаи маориф сухан гуфта, аз шароите, ки имрӯз муҳасилин барои донишандӯзӣ доранду аз он истифода намекунанд, изҳори норозигӣ намуд.
Н. Қурбонова, муовини раиси шаҳр низ аз кам будани шумораи хонандагони аълохон бо ташвиш сухан гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки аз шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамагӣ 30 нафар бо баҳои аъло таҳсил доранд.