Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ як қадами устувору бузурги кишвари мо ба ҳисоб меравад.

.

Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои шаҳри Левакант дар нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ Роҳи Дурахшон вохӯрии судманд баргузор гардид.

 Валиев Суҳроб мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар назди ҷамъомадагон баромад намуда атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи ватандӯстию хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию ахлоқӣ, сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бори дигар мардумро аз амалҳои зишту нангини ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хабардор кард.

Иброз намуданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистон, ки бо  шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амали гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратеги миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро барои дастгирии Аксияи ҳизбӣ ва иҷрои корҳои созандагию  ободонӣ даъват намуд.