Семинари доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни забонҳои русӣ ва англисӣ

.

Дар муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 - и шаҳр семинари навбатии доимоамалкунандаи омӯзгорони  фанни забони русӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои забони русӣ ва англисӣ, омӯзгорони фанни забони русӣ иштирок доштанд.

 Мақсад аз доир намудани чунин семинарҳо амали намудани талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3.07.2014, №427 «Дар бораи  Баронмаи давлатии такмили таълим  ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020»,  истифодаи усулҳои нави таълими муосир  муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони фанҳои забони русӣ мебошад.

Омӯзгори фанни забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14  Раҷабов М оид ба мавзӯи навиштани ЭССЕ , «Правила написания эссе» ва «Требования к написанию эссе» маърузаи пурмуҳтаво намуд.  Баъд аз баромади омӯзгор ишитрокчиёни семинар фикру андешаҳояшонро оид ба мавзӯҳои зикргардида иброз намуданд – иттилоъ дод мушовири фанҳои забони русӣ ва англисии кабинети методии бахши маорифи шаҳр Авғонова М.