Парчам- рамзи сарҷамъи ва иттиҳоду ягонагии миллат

.

Бахшида ба бузургдошти Рӯзи Парчами Миллӣ дар муассисаи таълимии №6 бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур вохӯрӣ доир гардид, ки дар он аз шукуҳу шаҳомати Парчами Миллӣ, ҳамчун нишонаи ҳастии давлат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат сухан гуфтанд.

 Дар вохӯрӣ Ҳ. Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, А. Икромов, Б. Валиев, А. Исмонқулов собиқадорони меҳнат ва Н. Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант иштирок доштанд.

Қайд гардид, ки қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлатдории миллӣ, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин парчами муқаддас ливои озодиву истиқлолият, ливои созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гаштааст.