Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳмгузор дар ободонии Ватан!
Рӯзи 21-уми ноябр бо аъзоёни ташкилоти ибтидои Кафолати Сарбанди шаҳри Левакант оиди атрофи самҳои афзалиятноки ҳизб вохури доир гардид.
Сараввал мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев ба сухан баромада кайд карданд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ имрӯз мо дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави такмили ғояҳо ва рушди давлатдории миллӣ бо талошу фидокориҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гардидем.
Оғози табиқи Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба фаъолият оғоз кардани чархаи авали неругоҳи барқии обии Роғун пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва ниҳоят заҳматҳои беназири Роҳбари давлат мебошад, ки сари ҳамаи мо тоҷику тоҷикистониёнро дар миёни соири кишварҳо ва миллатҳои дунё баланд намуда, эътимоди моро ба ояндаи дурахшон қавитар ва азму иродаи моро барои созандагию бунёдкорӣ таҳти сарварии хирадмандонаи хеш ба маротиб устувор гардонид.
Дар охир масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аҳли иштирокдоронро ба саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ватанамон даъват намуданд.