Ақли худро кор фармед.
Террористу экстремист миллатро нобуду давлатро ноором ва арзишҳои миллиро нест мекунад. Барои он ки ӯ нангу номус ва виҷдон надорад. Ҳамеша дар фикри вайронкорӣ асту қатлу кушторро шуғли доимии худ медонад. Барои ин чӣ бояд кард? Суолест, ки аз ҷониби равшанфикрон матраҳ мехоҳад.
Албатта равшанфикрон ва коршиносон ба амалҳои нангини бадхоҳони миллат мубориза мебаранд. Вале ончунон онҳо доман паҳн кардаанд, ки аз Аврупову дигар давлатҳои манфиатхоҳ кумак ҷуста, амалҳои нопоки хуро ҷорӣ месозанд. Мисле, ки ватанашон Аврупою падар, модар, бародар ва хонаводаашон аврупоӣ бошад. Вале бояд бидонанд, ки баъди иҷрои амалҳои нопокашон нисбати давлату Ҳукумати Ҷумҳирии Тоҷикистон ва анҷоми масъулияти ба зима гирифтаашон дигар онҳо ба ҳеҷ кас лозим нестанд.
Танҳо мардуми тоҷик хислати миннатдори карданро дораду заҳматро дар ҳама ҳолат қадр мекунад. Инро набояд ҳеҷ гоҳ фаромуш кард. Аз ин рӯ ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ақли худро кор фарманд ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи душманони миллат ва давлат нагарданд.
Зулфов У. Директори МТМУ №1-и шаҳр.