Ҷавонон! Худро ба чоҳ наандозед!

.

Давлатҳои абарқудрат, гурӯҳ ва ташкилотҳои терористӣ  барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ҳамеша аз ақлу ирода ва қувваи ҷавонони сустирода истифода мебаранд.

 

Дар замони тараққиёти илму техника ҳар як ҷавон ба технологияи навтарин мароқ зоҳир мекунад. Ҷалби ҷавонон ҳам ба гурӯҳҳои ифротӣ тариқи сайту сомонаҳо ба роҳ монда шудааст, ки пеш аз ҳама идеологияи онҳоро вайрон мекунанд.

Ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои терористӣ аз сустиродагии онҳо мебошад. Мебоист, ки имрӯз ҷавонони мо аз омӯхтани илм, хизмат ба Ватан-модар саркашӣ накарда, тамоми заковати худро барои хизмат ба халқу Ватан сарф кунанд. На барои маблағи ночиз ба даст овардан ба хоҷагони хориҷиашон кумак расонанд. 

Сайту сомонаҳои иҷтимоии ғайри давлатӣ ҳамеша аз сатру ҳиҷои муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ пур буда, онҳо манфиати худро аз манофеи миллӣ авлотар медонанд. Вале созмондиҳандагони чунин сомонаҳо боре ҳам фикр мекунанд, ки чӣ кор карда истодаанд? Албатта не! Пас набояд ҷавонони мо дидаю дониста   худро ба чоҳ андозанд. Бояд онҳо қабл аз ворид шудан ба сомонаҳои ғайридавлатӣ фикр намоянд, ки чӣ кор карда истодаанд ва ба онҳо чӣ манфиат меорад.

 

Ашуров Ниёзалӣ, директори муассисаи таълимии №14, ш. Левакант