Душманамонро намебахшем.

.

Дар замони муосир ҳар кас мехоҳад, ки худро муаррифӣ намояд. Аммо суоле пеш меояд, ки бо чӣ ва кадом кор? Кори хуб бошад албатта ба манфиати ҷомеа аст. Агар амали бад бошад, оқибати хуб надорад. Ба мисли воқеоти пайдарпае, ки чанд вақти охир рух доданд. Албатта гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар роҳ, якеш бо тиру туп, дигараш бо қатли ом ва саввумӣ бо иттиллои бардурӯғу муғризона ҷамъиятро ноором созанд.

 

Имрӯз баъзе аз сайту сомонаҳо ва гурӯҳҳои таблиғотӣ ба мисли ТТЭ ҲНИ, Анҷумани озодандешон, Ахбор.ком, ДИИШ ба бархе минбар додаанд, ки нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва миллати тоҷик суханҳои манфии худро баён созанд. Дар ҳоле, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда истодаасту фарзандони бонангаш барои ободию оромии кишвар талош мекунанд.

Ин гурӯҳҳои ифротӣ ва таблиғгаронашон дар хоки Тоҷикистон ба дунё омадаанд, ба воя расидаанд, бузург шудаанд ва акнун мехоҳанд, ки ба қавле иммиҷ пайдо кунанд, ба миллату давлаташон санг мезананд. Дар зери пардаи сиёсат, дар мақомотҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳо мавқеи худро муайян карда, амалҳои ғаразноки худро ҷорӣ мекунанд. Оё ин дуруст аст? Албатта не! Пас чаро ин корро мекунанд? Ба хотири ганҷи беранҷе, ки хоҷагони хориҷиашон муфт ба онҳо додаву боз ваъдаи зиндагии шоистаро меҳанд. Ва таблиғгарони ифротӣ бо он мағзе, ки дар сар даранд, дурӯғу туҳмату суханҳои ғаразноки худро алайҳи Тоҷикистон ифшо месозанд, ки ин кори мардонагӣ нест.

Ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, садҳо таблиғгарони фитнагару дағалгӯеро гурӯҳҳои ифротӣ омода кардаанд, ки ба ҷуз аз ҳарфу ҳиҷои бад чизи дигареро намедонанд. Ҳарчонд имрӯз фирорӣ ҳам бошанд, дарси ибрат нагирифта, амалҳои нопоки худро анҷом медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои қудративу идеологии мамлакат имрӯз ба ҳеч як нопоку бадфитрат иҷозат намедиҳад, ки амнияти кишварро халалдор карда, мардуми тоҷикро азият диҳад. Мардум низ дарк кардаанд, ки кори хуб чӣ асту бад чӣ. Мо аз як гиребон сар бароварда, барои боз ҳам мустаҳакам кардани пояҳои давлатдорӣ талош мекунем. Ва душмани миллатамонро ҳеҷ гоҳ намебахшем.

                  Ниёзӣ «Нури Сарбанд»