«Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем!»
Рӯзи 29.11.2019 бо ташаббуси маркази мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, СПИД) бахшида ба 1-уми декабр, ки ҳамасола дар ҷаҳон ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам ҷашн гирифта мешавад, аксияи иттилоотӣ таҳти унвони «Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем!» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур дар байни аҳолӣ ин пешгирӣ аз мубталошавӣ ва тарзи худро муҳофизат намудан аз ин беморӣ мебошад. Ҳамзамон аз тарафи мутахассисон баҳри пешгирии бемории ВНМО дар маркази шаҳр ба аҳолӣ зиёда аз 1800 варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.