СЕМИНАРИ НАВБАТИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ

.

Бино ба иттилои мушовири кабинети методии бахши маорифи шаҳр Валиев Бердӣ дар Литсейи давлатии №1 – и шаҳр семинари доимоамалкунгандаи омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик  доир гардид. Дар семинар зиёда аз  11 нафар  мутахассисони ҷавон ва роҳбарони иттиҳодияи методии фанни забон ва адабиёт иштирок доштанд.

Аз тарафи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик   Хомушова Лайло дарси кушоди намунавӣ оид ба амалишавии муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим дар мавзӯи «Фразеологизмҳо ва фарқи онҳо аз калима ва ибораҳои озод» гузаронида шуд. Аз ин дарс мутахассисони ҷавон  ба худ барои такмили маҳорати касбӣ, истифодаи методҳои муосир  таасуроти зиёде гирифтанд.