Тӯҳмату бадгӯиву тафриқаандозӣ кори номардон аст.
Дар адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик гуфтае мавҷуд аст, ба ин маъно: «Ҳар касе аз гузаштаи худ ибрат намегирад, инсон нест». Вақеан бархе одамонро ғунҷоиши хотираашон он қадар маҳдуд аст, ки ҳама чизро зуд ба боди фаромӯшӣ медиҳанд. Ҳатто бадтарин гуноҳ, сангинтарин хиёнат ва хунбортарин рӯзҳоро… Вагарна кадоме аз мардон баъд аз қудратталабиву, тафриқаандозӣ ва хиёнатҳои пай дар пай ба ватан чун аъзои ҳизби мамнуи наҳзат ва дигар мухолифини тоҷики бадалшуда ба «Паймони миллӣ» ҳар замон талош баҳри паст задани шаъну эътибори давлату миллати хеш дар назди миллату халқиятҳои бегона бошад.
Ба рӯй пӯсти хеле ғафс аз бешармию бериёӣ бояд кашид, то ватан ва миллати худро бифрӯшӣ ва обруву нуфузи онро пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ зери суол гузорӣ. Муҳаммад Ҳиҷозӣ хеле бамаврид гуфтааст, ки лоиқи сари андеша кушодан аст: «Фидокорону ҷонбозони сиёсӣ бештар онҳое ҳастанд, ки мақсудро нафаҳмидаанд»
Ҳар вақте ки аз саҳифаҳои иҷтимоӣ «ҳамоиш»-у «гирдиҳамоӣ»-ҳо ва суханҳои пасту баланди ин паймони дуруѓинро мушоҳида менамоем, бори дигар боварӣ ҳосил менамоем, ки ин хиёнаткорони сару по гумкарда ҳар воқеа ва ҳар воситаеро барои идома додани аъмоли рубоҳонаи хеш истифода менамоянд. Ин рафтори маккоронаю иғвоангезона барои онҳо одат шудааст, вале чун ҳамешагӣ монанди буғи об дар ҳаво нопадид хоҳанд шуд. Инҳо мисли ҳамешагӣ исбот кардан мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя карда намешавад. Мехоҳанд бо ин роҳ аъзои ҳизби наҳзатро, ки бархе аз онҳо барои кирдори характери террористӣ дошта ва қисме барои иғвогарию тафриқаангезӣ зиндонӣ шудаанд, озод намоянд. Шояд озод кардани ҳаммаслакон барои онҳо баҳонае беш набошад. Оре, баҳонаи муттаҳам сохтани Тоҷикистон ба зери по шудани ҳуқуқи инсон.
Вале онҳо бояд донанд, ки пеш аз чунин даъвоеро пеш овардан як ба чеҳраи худ назар афкананд, ки киро мебинанд. Гиребони худро бӯй кунанд, ки чӣ бӯе дорад! Дар чеҳраи онҳо осори тиҳимағзиву ҳасодат соя андохта. Аз онҳо бӯйи бухлу бахилӣ дурӯғу бӯҳтон меояд. Имрӯз мо ба онҳо муроҷиат карда мегӯем: Пеш аз оне, ки касеро, сохтореро, давлатеро муттаҳам ба гуноҳе созед, бояд андеша кунед, ки барои ин миллату давлат чӣ кардаед. Замоне, ки Пешвои муаззами халқамон барои сулҳу ваҳдат мубориза мебурд, Вақте ки барои баргардонидани гурезагони тоҷик чора меҷӯст. Лаҳзаҳое, ки бо ҳидоятҳои созанда ва амалҳои бунёдкорона ба захмҳои ин миллат малҳам мешуд, куҷо будед? Аз дастатон чӣ меомад? Албатта, ки ғайри тӯҳмату бадгӯиву тафриқаандозӣ чизи дигар на.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон арзиши олӣ ба шумор рафта, тамоми ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад ва ҳар нафаре, ки дар доираи қонун кору фаъолияташро ба роҳ мемонад, аз тамоми озодиҳо бархӯрдор аст. Ҳама он тағйироту пешравиҳое, ки дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба вуқӯъ омадаанд, сифр ба хотири беҳсозии зиндагии мардум аст. Дар зарфи 28-сол сатҳи зиндагии ҳар хонаводаи тоҷик ба таври чашмрас рушд кардаву боло рафт. Аз ҳама муҳим халқи тоҷик ҳамчун халқи сулҳпарвар ва тамаддунофар муаррифӣ гардид.
Барои ин ҳақиқатро пазируфтан Тоҷикистони имрӯзаро ба 28 сол муқаддам, ки бо айби шумову шумо баринҳо оғӯштаи хоку хун гашта буд, муқоиса кардан кофист. Рӯзе нест, ки тавассути васоити ахбори омма хабаре аз ба истифода додани иншоотҳои муҳими давлатӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ пахш нашавад. Имрӯз мо модарон ва ҳама тоҷикистониён аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат розиему шукргузор. Ғайри шумо, ки аз бухлу ҳасаду кина месӯзеду дармегиред. Худро чун мурғи посӯхта ба ҳар дар мезанед. Чунки ин ҳама ободкориҳо хилофи нақшаҳои тарҳрезишудаи шумову хоҷагонатон аст.
Аслан ба касе, ки дар замираш эҳсоси фарқ гузоштан байни сиёҳу сафед набошад, бо ҳазорон гуфтан афкораш тағйир намеёбад. Вале бо ин ҳама ба «ин ангуштони шашум дар панҷаи миллат» муроҷиат карда мегӯем: Аз хиёнат ба Ватан даст бардоред. Ин аъмол шоистаи ҳеҷ ватандор нест. Дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон барои худ ватан сохта наметавонед. Дар хотир дошта бошед Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он сиёсати инсонпарваронае, ки дорад, ҳозир аст гуноҳи онҳоеро, ки аз ноогоҳӣ ба доми гурӯҳҳои тундгарою тафриқаандоз афтодаанд, авф кунад. Ҷое биншинед ва сари кирдорҳои худ андеша намоед. Талош кунед, то фаҳмед, ки аз ин бозиҳои пасипардагию тарҳрезишуда фоида ба кист?
Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор
бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант