Ба гурӯҳҳои ифротӣ имконият намедиҳем
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳо ноил гаштем. Мардуми тоҷик аз ин ифтихор мекунанд, ки дар фазои осоиштаи кишвар умр ба сар мебаранд. Аммо хоинони миллат бошанд ҳамеша дар пайи ноором сохтани ҷомеа ва амалҳои ноҷавонмардонаи худ ҳастанд. Ва дар тули 28-соли ба даст овардани Истиқлолият ҳануз ҳам гоҳу ногоҳ аз ҳар ҷои қоимшудаашон сар мезананду миллати тоҷикро ноором месозанд.
Албатта Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии суханро иҷозат додаст, чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, озодии сухан яке аз принсипҳои асосии он ба шумор меравад.
Озодии суханро бошад баъзе ё ва гӯён ҳар гуна истифода бурда амалҳои муғризонаашонро бо он баён мекунанд ва дар пайи туҳмат, дурӯғ ва иғвои навбатӣ ҳастанд. Ба қавле худро озодандешу ростгӯ вонамуд карда, ҷалби ҷавонони гумроҳу зудбоварро ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ зиёд мекунанд. Агар гӯем, ки сомонаҳои иҷтимоии ғайридавлатӣ таблиғгари гурӯҳҳои ифротӣ ҳастанд ба ин шубҳа надорем. Чунки сиёсати иттилоотии онҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, баръакс манфиати хоҷагони хориҷии худро дар ҷойи аввал мегузоранд. Ба гуруҳҳои ифротӣ алалхусус ТТЭ ҲНИ минбар медиҳанд, онҳоро таблиғ мекунад.
Фаъолияти ТТЭ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат чеҳраи аслии ин ҳизби мамнуъ ва тарафдоронашро рӯшантар ва таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарони ҷаҳониро ба худ кашид. Пажӯишҳо нишон доданд, ки ин ташкилоти терористию экстремистӣ бо таблиғгарони худ ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва садҳо иғвоангезони дигар аз оғози фаъолият хислатҳои иртиҷоӣ дошта,ба раванди инкишофи сиёсӣ, таҳкими принсипҳои демократӣ халал ворид менамуданд.
Собит шудааст, ки хадамоти ҷосусии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба манзури амалисозии аҳдофи ғаразнок тавонистанд ин ташкилоти террористиро созмон дода, афроди хуруфотию мазҳабиро ба он ҷалб созанд. Ин гумроҳон, ки қисме аз кишвар фирор шудаву дар хориҷи мамлакат шарм накарда ба суди бегонагон фаъолият менамоянд, омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ки ҳамакнун аз ҷониби сиёсатмадорон ва марказҳои таҳлилию пажӯҳишии кишварҳои зиёд эътироф шудааст.
Ташкил шудани «Инқилоби исломӣ», кушта шудани 150 ҳазор сокини Тоҷикистон, ятим мондани даҳҳо ҳазор кӯдак, бехонумон мондани беш аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон бар асари инқилоби ҳизби шайтони ҲНИ, дидани хисороти калони хоҷагии халқӣ мамлакатро ҳеҷ вақт бахшида наметавонем. Тавассути ин бадбахтиҳое, ки ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон роҳандозӣ кард, зарари зиёд ба таълиму тарбия, маънавиёти мардум, қувваи зеҳнии ҷавонон, одобу ахлоқ, ниҳоят ба ҳама сохторҳо расид.
Пешниҳод ва суханрониҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба терроризму ифротгаройӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ хушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд. Зеро таҷриба собит намудааст, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳо, на танҳо рӯзгори халқу миллатҳои алоҳидаро тира месозанд, балки ба осоиши рӯзгори дигарон низ зарба мезананд.
Ҷаҳони муосир имрӯз дар банди моҷарову муаммоҳои сиёсӣ қарор дошта, зуҳуроти номатлубу даҳшатборе чун терроризму экстремизм ба амнияти давлату кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар иртибот ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромадҳояшон таъкидан мегӯянд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Аз ин лиҳоз мо бояд дар паҳлӯи Сарвари сулҳофарамон бошему ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаашоро тарафдори кунем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар созем.
Ашуров Орзу, Сармуҳаррири рӯномаи шаҳрии «Нури Сарбанд»