Ҳифзи Ватан вазифаи ҳар як ватандор аст.
Пайваста гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва терористию экстримисти кӯшиш мекунанд, ки бо амали ноҷавонмардонаи худ ба шаъну шарафӣ миллати тоҷик исён биёранд. Аммо халқи тоҷик ва неруҳои қудратии мамлакат намегузоранд, ки онҳо бо мақсадҳои нопоки худ расанд.
Барои мисол ҳодисаи шаби шашуми ноябрро меорем, ки як гурӯҳи бистнафараи хоинони мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4-и "Ишқобод"-и Қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод" ҳамла намуданд. Гурӯҳҳи мусаллаҳ бо ниқоб ва нақшаи пешаки тарҳрезинамудаашон ҳамла карданд аммо зуд ноком шуданд.
Зимни ҳамла онҳо яроқҳои оташфишонро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша прапоршики қӯшунҳои марзбонии КДАМ Изатуллои Абӯбакр ва нозири минтақавии милиса дар ҷамоати Эсанбой Баҳром Шоҳзода ба ҳалокат расиданд.
Зимни як изҳороти мақомоти низомии Тоҷикистон, дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус (ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд), бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд.
Пас аз изҳорти мақомоти низомии Тоҷикистон, дар расонаҳои хабарии хориҷӣ ва чанде аз шабакаҳои хабарии гурӯҳҳои мухолиф ҳодисаи мазкур ба таври муғризона ва бофтаву сохта шарҳ дода шуд. Ин хабар дар сархати бисёре аз расонаҳои маъруфи ҷаҳон қарор гирифт ва тафсири гуногуни коршиносонро ба бор овард.
Абдуллои Раҳнамо, донишманди тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ ҳамон замон нигошта буд, ки агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд. Ва бадтар аз ин, ин нерӯи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад. Чуноне дидем, чунин гурӯҳакҳо дар алоҳидагӣ дар баробари нерӯи давлати мо ҳеҷанд, аммо тавону таҷрибаи пуштибонони онон басе бузургтар аз инанд ва худи терроризм як сиёсати калони қудратҳои ҷаҳонӣ ва як барномаи васеи фароминтақавист.
Хуллас, ҳаминро бояд гуфт, ки ин корнамоии кормандони мақомоти қудратӣ, ҷиҳатии безараргардонии душманону хиёнаткорон, аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодабошии ҳамешагии онҳо дарак медиҳад. Мутаассифона, дар натиҷаи ин амали нангини душманон ду тан аз фарзандони ҷоннисори ватан ҳалок гардиданд. Онҳо баҳри ҳифзи оромии мо тани худро сипар намуда, нагузоштанд, ки амнияти Ватан халалдор гардад. Ин қаҳрамонии кормандони мақомоти қудратӣ арзандаи ҳама гуна ҳамду ситоиш аст.
Дар воқеъ, ҳифзи Ватан, посдории арзишҳои миллӣ, фарҳангу маънавиёт ва ояндаи давлат, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандор мебошад. Мо мардуми ватандӯст ва ватанпарвари Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамеша дар муқобили амалҳои нопоки гуруҳҳои мусаллаҳи ифротиву террористӣ истодагарӣ намуда, муборизаи беамон барем, то тавонем дастаҷамъона решаи чунин нохалафонро сӯзонем.
Далер Ибодуллоев, сокини шаҳри Левакант